EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Нишасти гурӯҳи корӣ таҳти «Ташаббус» дар самти фаъолгардонии кумитаи маҳал

Имрӯз таҳти даври дуввуми Ташаббус “Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар
ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор” вохӯрии гурӯҳи корӣ баргузор шуд.

 

Гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани «Ташаббус»

Сараввал менеҷери ташаббус- Шӯҳрат Латифов ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои лоиҳа шинос намуда инчунин қайд намуд:

Даври дуввуми лоиҳа дар се самт амалӣ гашта, муддати амалии он ҳашт моҳро дар бар мегирад.

Самти аввали он таҳким бахшидани малакаи ҳуҷҷатгузорӣ ва идораи маъмурӣ буда, дар заминаи Кумитаи маҳал “Маркази модулӣ” барои рушди маҳаллахонаҳои шаҳри Ҳисор ташкил карда мешавад. Дар марказ аз таҷрибаи ба дастомадаи даври якуми ташаббус, ки бо шарикии мақомотҳои маҳаллӣ ва кумитаи маҳал амалӣ шуданд ба маҳаллаҳои дигари шаҳри Ҳисор омӯзонида мешавад. Инчунин бо ҷалби муттахасисони ХАОМ-Тоҷикистон тренингҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ин самт гурӯҳи корӣ ҳамчун муттасадӣ мутахассиси ҷалбшуда Ҳалимҷон Раҳимовро таъин намуд ва вазифа ва ӯҳдадориҳои ҳар як шарикони лоиҳа муаяйян ва вогузор карда шуд.

Курбон Назаров-мутахассис,  оиди самти дуюми лоиҳа сухан намуда қайд намуд, ки барои пурсамар гардонидани ҳамкориҳо байни маҳалҳои шаҳри Ҳисор таҳти ташаббус Платформаи шаҳрвандии кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор (ПШКМ ш.Ҳисор) ташкил мешавад ва дар доираи ташаббус маҳалҳои фаъол барои рушд маблағгузорӣ карда мешаванд. ПШКМ ш.Ҳисор ин як созмони ғайрирасмии маҳалҳо барои табодули таҷриба, ҳамкории иҷтимоӣ, ҷалби маблағгузории дохили ва берунӣ (бурсҳо) ва ҳамчунин паҳн намудани дастовардҳои Кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор мегардад. Инчунин таҳти ПШКМ ш.Ҳисор сомонаи расмӣ, саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ кушода шуда , мутахасис оиди паҳн намудани хабарҳо, малумотҳо оиди фаъолияти кумитаи маҳалҳои шаҳри Ҳисор ҷалб карда мешавад.

Дар ин самт гурӯҳи корӣ Ҳакимова Дилафрӯз ва Назаров Қурбонро шахси мутасаддӣ таъин намуда вазифаҳо ва ӯҳдадориҳоро муайян намуд.

Дар самти фаъолияти дармаднок Раиси кумитаи маҳаллаи Баракат баромад намуда қайд намуд, ки Маҳаллахона ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро мутобиқ ба сметаи пешниҳодшуда дар Нақшаи рушди маҳал амалӣ гардонида истодааст. Ӯ инчунин ҳозиринро аз даромадҳое, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани хизматрасониҳо ба даст омадааст ба ҳзирин пешниҳод намуд.

 

Шиносоии гурӯҳи корӣ аз утоқҳои омодашуда барои кушодани фаъолияти даромаднок аз ҳисоби хизматрасониҳои Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон

 

Шиносоии гурӯҳи корӣ аз утоқҳои омодашуда барои кушодани фаъолияти даромаднок аз ҳисоби хизматрасониҳои Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон

Бунафша Исмоилова қайд намуд, ки имсол се намуди фаъолияти даромаднок дар заминаи Кумитаи маҳал дар назар дошта шудааст ва ин ҳам бошад, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона ва маркази аксбардорӣ.

Ҳамчунин аъзоёни гурӯҳи корӣ бо даромад ва хароҷоти Кумитаи маҳал шинос шуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромад ва хароҷотро аз назар гузарониданд. Масалан танҳо аз хизматрасонии об дар моҳи январи соли 2020 Кумитаи маҳал 3710 сомони даромад намуда бо замимаи бақияи моҳи декабри соли 2019 ҳамагӣ 5010 сомониро ташкил додааст. Аз ин маблағ дар давраи ҳисоботӣ 4160 сомони сарф шуда 850 сомони бақия дар аввали моҳи феврали соли 2020 даромад боқи мондааст.

 

Ордери даромади хазинавӣ

 

Тавозуни даромад ва хароҷот аз як намуди хизматрасонӣ

Бояд қайд намуд, ки баъд аз ҷорӣ намудани хизматрасониҳои пулакӣ, маҳалла
имкон пайдо намуд, ки хароҷотҳои ҷории худро рӯйпӯш намояд ва ҳамчунин
муаммоҳои иҷтимоии аҳолиро ҳал намояд.

Ба мисоле , моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз маблағҳои хизматрасонии
пулакӣ, саҳми соҳибкрони маҳал, пули дарозиаш 20 метра дар ҳудуди маҳал ба
истифода дода шудааст.

 

Пули 20 метрае, ки аз ҳисоби даромадҳои хизматрасонии Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон сохта шудааст

 

Пули 20 метрае, ки аз ҳисоби даромадҳои хизматрасонии Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон сохта шудааст

 

Пули 20 метрае, ки аз ҳисоби даромадҳои хизматрасонии Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон сохта шудааст

 

Пули 20 метрае, ки аз ҳисоби даромадҳои хизматрасонии Кумитаи маҳал ва саҳми соҳибкорон сохта шудааст

Бо шарикии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 15 нафар ҷавонзанон дар ҳол бо курсҳои омӯзишии семоҳаи бофандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Аз ҳамин лиҳоз гурӯҳи корӣ қарор қабул намуд, ки ҳамаи саҳмҳое, ки аз тарафи лоиҳа ва соҳибкорон гузошта мешавад бояд дар тавозуни худи Кумитаи маҳал бошад, зеро ин аввалан мустаҳкамии иқтисодии кумитаи маҳал ва дуввум барои фаъол гардонии аҳолӣ барои рушди маҳал мусоидат менамояд.

 

Курси бофандагӣ барои 15 нафар ҷавонзанони маҳаллаи Баракат бо маблағгузории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор дар заминаи Кумитаи маҳал

 

Курси бофандагӣ барои 15 нафар ҷавонзанони маҳаллаи Баракат бо маблағгузории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор дар заминаи Кумитаи маҳал

 

Курси бофандагӣ барои 15 нафар ҷавонзанони маҳаллаи Баракат бо маблағгузории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор дар заминаи Кумитаи маҳал

 

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления