EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Мулоқоти корӣ бо раиси дастгоҳи Мақомоти Иҷроияи Ҳукумати Давлатии шаҳри Ҳисор

Имрӯз мутобиқ ба нақшаи корӣ, таҳти ташаббуси “Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамотҳои дурдасти шаҳри Ҳисор”, ки шарикии ХАОМ-Тоҷикистон ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда истодааст,  кормандони лоиҳа бо раиси дастгоҳи Мақомоти Иҷроияи Ҳукумати Давлатии шаҳри Ҳисор, Шарифӣ Бобосафар молоқоти корӣ ба анҷом расониданд.

Дар ин мулоқот менеҷери лоиҳа –Шӯҳрат Латифов, мутахассис-машваратчӣ-Қурбон Назаров ва мутахассис-Раҳимов Ҳалимҷон иштирок доштанд.

Сараввал раиси дастгоҳи МИҲД-и ш.Ҳисор ҳозиринро хайрамақдам намуда, миннатдории худро ба ТҶ “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО”, ХАОМ –Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки саҳми Ташаббуси мазкур барои фаъолгардонии кумитаҳои маҳал, бо омӯзиш фарогирифтани ҷавонон ва занон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳалли муаммоҳои деҳаҳо хело назаррас аст. Аз номи дастгоҳи раиси МИҲД-и шаҳри Ҳисор омодагиро баҳри дастгирӣ ва амалисозии даври дуюми Ташаббус изҳор намуд.

Менеҷери лоиҳа раиси дастгоҳро бо нақша чорабиниҳо дар даври дуюми амалисозии ташаббус шинос намуда, қайд намуд, ки натиҷаҳои мусбии ба даст омада имкон медиҳад, ки дар заминаи таҷрибаи кумитаи маҳаллаи “Баракат”, дигар кумитаи маҳалҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисорро фаъол намуд.

Аз тарафи  мутахассис-машваратчӣ оиди ташкили Платформаи шаҳрвандии кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор маълумот дода шуда, нақша чорабиниҳо бо аъзоени ин платформа пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин мутахасис- Раҳимов Ҳалимҷон оиди бо тренингҳои омӯзишӣ дар самти идоракунӣ ва ҳуҷҷатгузории маъмурии кумитаи маҳал фаро гирифтани раисони маҳаллахонаҳо, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар заминаи кумитаи маҳалҳо барои ҷавонон ва занон, ташкили соҳибкории иҷтимоӣ бо ҷалби саҳми соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолии маҳал сухан ронд. Ӯ қайд намуд, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо дар заминаи кумитаи маҳаллаи “Баракат”, маркази модулӣ бо ҳамаи имкониятҳои маъмурӣ ва техникӣ кушода шудааст.

Дар охири мулоқот қарор қабул шуд дар рӯзҳои наздик мизи мудаввар бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳри Ҳисор, ҷамоатҳои деҳот баргузор шавад ва таҷрибаи ба дастомада пешниҳод карда шавад.

Дилафрӯз Ҳакимова –муттахасиси иттилоотии “Маркази модулӣ”

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления