EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Мизи мудаввар дар мавзӯъи “Фаъолгардонии кумитаҳои маҳал баҳри ҳалли муаммоҳои деҳаҳо”

Санаи 20-уми марти соли 2020 дар шаҳри Ҳисор бо ҳамкории Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Ҳисор мизи мудаавар дар мавзӯъи  “Фаъолгардонии кумитаҳои маҳал баҳри ҳалли муаммоҳои деҳаҳо”, бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор баргузор гардид

Шӯҳрат Латифов-менеҷери ташаббуси «Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор» баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал оиди ташаббус баён намуд. Ў қайд намуд, ки Ташаббуси зикршуда бо шарикии ХАОМ – Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шуда истодааст. Мақсади лоиҳа фаъол гардонидани Кумитаи маҳаллаи Баракат, ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор буда, ҳамчун як ниҳоди асосӣ, ки сокинон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои давлатиро барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ ва беҳбуди сифати зиндагӣ муттаҳид мекунад. Ҳадафҳои лоиҳа ин фароҳам овардани шароит барои кори Кумитаи маҳалла, фаро гирифтани Кумитаи маҳалла бо семинарҳои омўзишӣ, таҳлил ва расмӣ гардонидани хизматрасониҳо, ташкил ва гузаронидани таълими касбҳо барои ҷавонон ва занон, ташкили фаъолиятҳои даромаднок дар заминаи Кумитаи маҳалаи Баракати ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода шаҳри Ҳисор, ифтитоҳи маркази молдулӣ дар заминаи кумитаи Баракат, натиҷаҳои асосии ташаббус мебошад.

Сипас Қурбон Назаров, Раҳимов Ҳалимҷон –муттахасисони ҷалбшудаи ташаббус,  баромад намуда оид ба мақсад аз ташкили Платформаи шаҳрвандии «Маҳаллаи Обод» дар шаҳри Ҳисор маълумот доданд. Зимни баромадашон қайд намуданд, ки мақсади асосии вохўрӣ, фаъолгардонии кумитаҳои маҳаллаҳои ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор мебошад.

Одинаев Р., Убайдуллоев М., Қосимов Д., Қурбонов Ф. дар баромадашон фикру мулоҳизаҳои Ш. Латифов – менеҷери ташаббуси «Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор»- ро дастгирӣ намуда, қарор доданд, ки ҳамкориро бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистони занони мубталои ВНМО» дар доираи ташаббуси «Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар самти ҳалли муаммоҳои деҳаҳо» зич менамоянд.

Дилафрӯз Ҳакимова –муттахасис дар самти иттилоот

Мизи мудаввар дар мавзӯъи “Фаъолгардонии кумитаҳои маҳал баҳри ҳалли муаммоҳои деҳаҳо”.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления