EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Имтиҳони иштирокчиёни курси омӯзишии ҳунарҳои миллӣ дар кумитаи маҳаллаи “Баракат”

Дар доираи ташасббуси “Фаъолгардонии кумитаи маҳал дар ҷамотаҳои дурдасти шаҳри Ҳисор” бо шарикии ХАОМ-Тоҷикистон таҳти лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, курси дуввуми омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ба охир расид ва имрӯз аз тарафи кормандони Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор донишу малакаи иштирокчиён санҷида шуд.
Дар доираи Ташаббус ин бори дуввум аст, ки дар заминаи кумитаи маҳаллаи “Баракат”, барои ҷавондухтарон бо саҳми шарики лоиҳа Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар ду давраи татбиқи Ташаббус зиёда аз си нафар ҷавондухтарон соҳиби касб гаштанд.
Дилафрӯз Хакимова мутахассиси самти иттилоот дар маркази модулии КМ Баракат

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления