EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

ИДОРАКУНИИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ МАҲАЛЛА

Семинари омӯзишии “Идоракунии маъмурии кумитаи маҳалла” дар заминаи маркази модулии Кумитаи маҳаллаи Баракат дар доираи ташаббуси “Фаъолгардонии кумитаҳои маҳал дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор”, таҳти лоиҳаи ХАОМ-Тоҷикистон “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, баргузор гардид.

Муттахасиси лоиҳа -Бунафша Исмоилова иштирокчиёнро бо идоракунии маъмурӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар кумитаи маҳал шинос намуд.

Ӯ инчунин оиди шартҳои ва намудҳои ҳуҷҷатгузорӣ сухан намуда, бо иштирокчиён корҳои амалиро низ баргузор намуд.

Дар рафти семинар қайд намуд, ки новобаста ба оне, ки кумитаи маҳал ҳуҷраи кории алоҳида ё худ дар хонаи истиқоматии раиси маҳалла ҷойгир аст, он дорои мизи корӣ, феҳрасти ҳуҷҷатҳо ва шароити корӣ (таҷҳизот) дошта бошад. Дар кумитаи маҳал номгӯйи ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ва эҳтимоли бояд бошад ва аз он ҷумла: Ҳуҷҷатҳои маъмурӣ (Ҳуҷҷатҳои маъмурӣ ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки фаъолияти кумитаи маҳалро аз рӯзи ба қайдгирӣ ба танзим медароранд), Ҳуҷҷатҳои молиявӣ (Ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки фаъолияти муҳосибӣ ва молиявии кумитаи маҳалро аз рузи ба қайдгирӣ ба танзим медароранд.

Ӯ инчунин намунаҳои ҳуҷҷатҳои маъмурӣ ва молиявиро ба ҳозирин намоиш дод:

-Шаҳодатномаи ба қайдгирӣ, РМА, Суратҳисобӣ бонкӣ, Оиннома;

-Сметаҳои даромад ва хароҷоти маҳалла, Ҳисоботи андоз, ҳисоботи муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ.

Ҳамчунин қайд намуд, ки дар кумитаи маҳал метавонад чунин номгӯйи ҳуҷҷатҳо мутобиқ ба фаъолияти он вуҷуд дошта бошад:

-Ҳуҷҷатҳои барномавӣ (нақшаи рушди маҳал, муққарот ва ё худ реъҷаи қабули шарҳвандон ва дигар);

-Ҳуҷҷатҳои электронӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳои аслӣ дар компутар, флешкартаҳо ва сомонаҳои интернетӣ);

-Бойгонӣ (Ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонии кумитаи маҳал ё худ ҷамоати деҳот бо санад ва протоколи махсус нигоҳ дошта мешаванд).

Дар рафти семинари омӯзишӣ бо иштироккунандагон корҳои мустақил гузаронида шуда, ҳолати ҳуҷҷатгузории ҳар як кумитаи маҳал мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳозирин аз таҷрибаи ҳуҷҷатгузории ҳамдигар ва алалхусус кумитаи маҳаллаи Баракат аз назди шинос шуда мубодилаи таҷриба карданд.

Дилафрӯз Ҳакимова –мутахассис дар самти иттилооти маркази модулӣ дар заминаи кумитаи маҳаллаи Баракат.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления