EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Соҳибкории ичтимоӣ раванди мустаҳкам барои устувории кумитаҳои маҳал

Яке аз самтҳои даромаднок ва устувории кумитаи маҳал ин ташкил ва ба роҳ мондани соҳибкории ичтимоӣ дар заминаи кумитаи маҳал аст. Аз ҳамин лиҳоз Ташкилоти ҷамъиятии “TNW plus” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, маркази модулӣ дар заминаи кумитаи маҳаллаи Баракат барои кумитаҳои маҳалҳои шаҳри Ҳисор аъзоёни Платформаи шаҳрвандии кумитатаҳои маҳал семинари омӯзишӣ дар мавзӯъи “СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ ВА РУШДИ ДЕҲОТ” баргузор намуд.

Семинари мазкурро мутахассис-машваратчии ташаббус Қурбон Назаров сарварӣ намуд.

Соҳибкории иҷтимоӣ чист? –ин суоле буд, ки ҳамагон ба он аз тарафи мутахасиси ҷавоби пурра ва қаноатбахш гирифтанд:

Соҳибкории иҷтимоӣ — тавлиди молу ашё ё хизматрасонӣ бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ буда, корхонаҳои иҷтимоӣ метавонанд хурду калон, байналмилалию маҳаллӣ бошанд, аммо ҳамаи онҳоро ҳалли мушкилоти  иҷтимоӣ тавассути истифодаи усулҳои гуногуни тиҷорат муттаҳид мекунад.

Ҳарчанд аввалин корхонаҳои иҷтимоӣ дар асри 19 пайдо шуда бошанд ҳам, бори аввал мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» аз ҷониби Муҳаммад Юнус, тоҷире аз Бангладеш, таъсисдиҳандаи бонки Грамин ва барандаи ҷоизаи Нобел шарҳ дода шудааст.

Ҳафт принсипи соҳибкории иҷтимоӣ

— ҳадафи тиҷорат барои коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа аст, на ба даст овардани фоидаи калон аз ҳисоби тиҷорат;

— устувории молиявӣ ва иқтисодӣ;

— сармоягузорон маблағи худро бармегардонанд, аммо бе фоизи иловашуда;

— пас аз баргардонидани маблағи саромоягузорон, фоидаи ширкат барои рушди минбаъдаи он ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ истифода мешавад;

— масъулияти зистмуҳитӣ (экологӣ);

  • коргарон музди меҳнати мувофиқ ба бозори меҳнат гирифта, дар шароити беҳтаршудаи корӣ фаъолият мекунанд;
  • барои фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ саҳми ҳамаи қишри ҷомеа бояд бошад.

Дар рафти семинари омӯзиши мутахасиси аз таҷрибаи Кумитаҳои маҳалҳои шаҳру навоҳиҳои гуногуни кишвар ва ҳамчунин ҷумҳурии ҳамсоя (узбакистон) низ сухан намуда, ҳозиринро даъват намуд то имкониятҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии маҳаллаҳои худро дар кори мустақиона дар рафти семинари омӯзиши дар варақаҳои тақсимоти дарч намоянд.

Семинар хело самарабахш ба анҷом расида ҳар як кумитаи маҳал бо зарурати ташкили соҳибкории иҷтимоӣ дар заминаи кумитаи маҳаллаашон шинос гардиданд ва имкониятҳои худро дар ин самт мавриди баҳс қарор доданд

Дилафрӯз Ҳакимова ғмутахассиси самти иттилооти маркази модулӣ дар заминаи кумитаи маҳаллаи Баракат

Социальное предпринимательство

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления