EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

«Нақшаи Рушди Кумитаи маҳал» ба эҳёи он мусоидат мекунад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии эҳёи кумитаҳои маҳалла ин мавҷудияти «Нақшаи рушди Кумитаи Маҳал» мебошад. Бо назардошти ин, Ташкилоти Ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони бо ВНМО зиндагикунанда» тибқи нақшаи чорабиниҳои ташаббуси «Фаъолсозии кумитаҳои маҳалла дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳри Ҳисор» дар доираи грантҳои лоиҳаи ХАОМ-Тоҷикистон «Фаъолсозии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун иштирокчиёни соҳаи идоракунии лоиҳа, ҳисоботдиҳӣ ва амалисозӣ барои рушди деҳот » бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар заминаи Маркази модулии кумитаи маҳаллаи» Баракат «, ҷамоати М. Турсунзода, шаҳри Ҳисор  барои аъзои Платформаи Шаҳрвандии “Маҳаллаи обод” семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Нақшаи рушди кумитаҳои маҳалл”-ро  баргузор кард.

Семинари мазкур аз тарафи мутахасисси ҷалбшудаи ташаббус Раҳимов Ҳалимҷон гузаронида шуд.

Семинар аз бахшҳои мазкур иборат буд:

-Шартҳои асосии ба нақшагирӣ;

Маҳаллахона барои тартиб додани нақшаи рушд, бояд аввалан имкониятҳои маъмурӣ, молиявӣ ва дастгирии ҳаматарафаи аҳоли ва соҳибкорони инфиродӣ дошта бошад. Аз ҳамин лиҳоз дар ин бахши семинар бо иштирокчиён корҳои мустақилона барои муайян намудани имкониятҳои дохилии ҳар як маҳалла ба алоҳидагӣ мавриди баҳс карор гирифт.

Ҳангоми иҷроиши кори мустақилона кумитаҳои маҳалла тавонистанд ҳамаи имкониятҳои маъмурӣ, молиявӣ ва иҷтимоии худро дар варақаҳои тақсимотӣ иникос намоянд ва ҳамчунин бо он имкониятҳое, ки шариконашон аз сафи муассисаҳои давлатӣ доранд шинос гарданд.

Ба монанди:

-қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

-курсҳои омӯзишии касбӣ;

-ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ.

Вуҷуд доштани ҳуҷҷатҳои маъмурии кумитаи маҳал.

Дар ин бахши семинар иштирокчиён бо ҳуҷҷатҳои маъмурии кумитаи маҳал, ки барои ба нақшагирӣ ва рушди маҳал бо ҷалб намудани маблағгузорӣ мусоидат менамояд шинос шуданд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои маъмурӣ: Оиннома, Шаҳодатнома оиди ба қайдгирӣ, РМА, Суратҳисоби бонкӣ ва Нақшаи рушди маҳал.

Дар рафти семинар мутахассис оиди муҳимияти ҳар як ҳуҷҷати дар боло зикршуда ба иштирокчиён пурра маълумот дод. Дар рафти корҳои мустақилона маълум гашт, ки на ҳамаи иштирокчиён (Кумитаҳои маҳал) хуҷҷатҳои лозимаро пурра ё қисман надоранд.

Ҳамчунин мутахассис қайд намуд, ки дар рафти амалӣ намудани ташаббус, у метавонад барои дарёфти ҳуҷҷатҳо ба кумитаҳои маҳал ба алоҳидагӣ кӯмак расонад.

Сохтори дурусти идоракунии кумитаи маҳал

Сараввал дар ин бахш мутахассис ҳамчун намуна аз сохтори идоракунии кумитаи маҳаллаи Баракати ҷамоати деҳоти М.Турсунзода сухан кард ва онро ба намоиш гузошт.

Ҳозирин аз сохтори кумитаи маҳал шинос шуда, назари худро оиди сохтори маҳалла иброз намуданд. Ҳамчунин дар рафти семинар ҳар як кумитаи маҳал сохтори худро дар варақаҳои тақсимотӣ дарҷ карданд. Дар рафти семинар аз трафи менеҷери ташаббус –Шухрат Латифов пешниҳод шуд, ки барои ба тафри графикӣ инъикос намудани сохтори кумитаҳои маҳалҳо кӯмак хоҳад расонд.

Вуҷуд доштани хизматрасониҳо

Хизматрасоӣ яке аз мавзӯъҳои пурбаҳстарини семинари омӯзишӣ буд. Зеро, ки қисме аз иштирокчиён (кумитаҳои маҳал) аъзоҳаққии хонаводагии солона ҷори намудаанд ва ҳамаи хизматрасонӣ аз ҳамин лиҳоз ба аҳолӣ ройгон расонида мешавад. Масалан Кумитаи деҳотӣ “Гулханӣ” солона аз ҳар хонавода (новобаста ба он ки чанд нафар дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд сари ҳар хонавода “дорои никоҳ”) 60 сомони аъзоҳаққӣ ҷамъ менамояд.

Ҳамчунин қисме аз иштиокчиён (кумитаҳои маҳал) мавҷудияти хизматрасониро дар Кумитаи маҳалро дар маводҳои тақсимотӣ дарҷ намуданд.

Аз тарафи мутахассис пешниҳод шуд, ки вобаста ба хоҳиши кумитаи маҳалҳо метавонад барои таҳлили имкониятҳо ва коркарди номгӯйи хизматрасониҳо кӯмак расонад.

Соҳибкории иҷтимоӣ дар заминаи кумитаи маҳал

Дар ин қисми семинар ҳамаи имкониятҳои маъмурӣ, молиявӣ ва иқтимоии кумитаҳои маҳал барои ташкил ва ба роҳ мондани соҳибкории иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Бо иштирокчиён корҳои мустақилона гузаронида шуда имкониятҳои ҳар яу кумитаи маҳал ба алоҳидагӣ муайян карда шуд.

Ҳамчунин аз трафи иштирокчиён масалаи андозбандии соҳибкории иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт ва менеҷери ташаббус –Шухрат Латифов қайд намуд, ки оиди мавзӯъи андозбандӣ гузаронидани семинари алоҳида ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамкории бо мақомотҳои давлатии маҳаллӣ

Ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатии маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ яке аз самтҳои асосӣ дар банақшагирии рушди кумитаи маҳал мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо ва стратегияҳои рушд коркард ва амалӣ шуда истодаанд ва Кумитаи маҳалҳо метавонанд таҳти ин барномаҳо дастгирии молиявӣ гиранд ё худ баҳри амалисозии он иштирок намоянд.

Дар семинар қайд карда шуд, ки таҳти соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, имконияти ташкили курсҳои омӯзишӣ дар заминаи кумитаҳои маҳалҳо мавчуд аст. Ҳамчунин Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли қарзҳои бефоиз низ барои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар заминаи кумитаҳои маҳал пешниҳод намояд.

 

Дилафрӯз Хакимова -мутахасис дар самти иттиолот дар маркази модулии кумитаи маҳаллаи Баракат.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления