EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

ОЗМУН БАРОИ ДАСРАСИИ ТАҶҲИЗОТҲОИ ДӮЗАНДАГӢ

Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” таҳти лоиҳаи “Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои кам кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID 19”, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад-Тоҷикистон амалӣ мегардад, озмун барои харидорӣ ва дастрасии таҷҳизотҳо барои коргоҳи дӯзандагӣ эълон менамояд: ҶДММ, Соқибкорони Инфиродӣ метавонанад пешниҳодӣ тиҷоратиро барои дастрас намудани чунин таҷҳизотҳо пешниҳод намоянд: Номгӯйи таҷҳизотҳо:

1. Мошинаҳои чокдӯзии маишӣ (бисёрҷабҳавӣ) 10 адад

2. Мошинаҳои чокдӯзии саноатӣ (попурӣ, хатти рост ва тугмадӯзӣ) 3 адад

Шумо метавонед пешниҳоди тиҷоратии худро тавасcути почтаи электронии: tnwplus@gmail.com бо сарлавҳаи “Озмун барои харидорӣ ва дастраснамудани таҷҳизоти дӯзандагӣ”ва ё дар шакли лифофа, ба суроғаи ташкилот: ҶТ, ш.Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 45, ҳуҷраи 506 дасрас намоед. Пешниҳод то 27 декабри соли 2020, соати 17:00 қабул карда мешавад.

Ҳамчунин ба пешниҳодӣ тиҷоратӣ чунин ҳуҷҷатҳоро барои иштирок ба озмун пешниҳод намоед:

1. Нусхаи Шаҳодатномаи соҳибкорӣ (ё нусхаи Патент барои фаъолияти соҳибкорӣ)

2. Нусхаи Иқтибоси фаъолияти соҳибкорӣ аз Кумитаи андоз

3. Нусхаи Шиносномаи соҳибкор

4. Нусхаи РМА-и соҳибкор

5. Дар ҳолати бо Патент фаъолият намудан нусхаи расид оиди пардохти андоз дар се моҳи охир

Дар ҳолати ғолиб омадан дар озмун пардохт ба ду марҳила сурат мегирад:

1) Пешпардохт ба ҳаҷми 50% баъди ба имзо расидани Шартномаи харидорӣ ва дастрасии таҷҳизотҳои дӯзандагӣ

2) Пардохти боқимонда баъд аз дастрасии таҷҳизотҳои дӯзандагӣ ва ба имзо расидани Санади додугирифт.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления