EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Соҳибкории иҷтимоӣ яке аз роҳҳои пурсамари дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа

Ташкилоти ҷумҳуриявӣ ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” аз моҳи декабри соли 2020 лоиҳаи “Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои кам кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID 19”-ро бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа ташкили ҷойҳои корӣ аз ҳисоби оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи кумитаи маҳаллаи “Гулханӣ”, ҷамоади деҳоти Шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор мебошад.
Санаҳои 4-5 марти соли 2021 тибқи нақша-чорабиниҳои лоиҳа бо иштироки шунавандагони курсҳои омӯзишии “Дӯзандагӣ” ва “Ҳунарҳои мардумӣ” тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Соҳибкории иҷтимоӣ” баргузор шуд.
Дар тренинг зиеда аз 15 нафар занон ва духтарон иштирок доштанд. Мутобиқ ба барномаи таълимӣ онҳо донишу маълакаи худро дар самҳои зерин баланд бардоштанд:
-соҳибкории иҷтимоӣ ва анвои он;
-консепсияи соҳибкорӣ;
-таҳлили SWOT ва шаклҳои соҳибкорӣ;
-маркетинг ва пешбурди хидматрасонӣ ва маҳсулот дар бозор;
— таҳлили бозор пеш аз оғози соҳибкории иҷтимоӣ;
-имконпазири тиҷорати нав дар макони интихобшуда;
— сатҳи талабот ва мувофиқати пешниҳодро ба ниёзҳои гурӯҳҳои мақсаднок
Дар рафти омӯзиш иштироккунандагон таҳлили хизматрасониҳои дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар деҳа, ҷамоат ва шаҳри Ҳисор амалан ба иҷро расониданд. Ҳамчунин Иштирокдорон аз анбуҳи хидматҳои дӯзандагӣ ва маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, хидматҳо ва маҳсулотҳое интихоб намуданд, ки метавонад талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намояд ва ҳамчунин онҳо тавонанд аз он маблағ ба даст оранд.
Дар рафти корҳои амалӣ иштирокунандагон ҳаҷми бозори хидматрасони ва ҳунарҳои мардумӣ, рақобатпазирӣ дар бозор, имкониятҳо ва бартариҳои ташкили соҳибкории иҷтимоиро аз худ намуданд.
Лоиҳаи мазкур то моҳи майи соли 2021 давом карда дар натиҷа дар заминаи кумитаи маҳаллаи “Гулханӣ” сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад, ки 15 нафар занон ва духтарон аз сафи оилаҳои муҳоҷирон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин таҳти лоиҳа 30 нафар занон ва духтарон аз сафи оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дорои касби дузандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мегарданд ва дар оянда метавонанд дар заминаи он сатҳи молиявии зиндагии худро бо расонидани хидматрасонӣ ба аҳоли баланд бардоранд.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления