EMAIL US AT info@tnwplus.org
CALL US NOW +992 (37) 8810141
Помочь нам

Фаъолсозии захираҳои маҳаллӣ дар ҳалли ҳаёти иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

Ташкилоти ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” бо дастгирии Институти Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳти озмуни бурсии “ Фаъолияти даромадовар, соҳибкории хурду миёна, соҳибкории инфиродӣ, ташаккули ҷойҳои корӣ ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба пандемияи COVID-19” лоиҳаи “Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои кам кардани оқибатҳои манфии COVID 19 пандемия” амалӣ намуда истодааст.

Мақсади асосии лоиҳа: Фаъолсозии захираҳои маҳаллӣ дар ҳалли ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии маҳаллаи Гулхонӣ мебошад.

Яке аз натиҷаҳои интизории лоиҳа : 20 нафар сокинони маҳаллаи Гулхана ва 20 нафар намояндагони кумитаҳои маҳаллаи аъзои Платформаи шаҳрвандии Маҳаллаи Обод, аз ҷумлаи занони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки худро дар вазъи душвори иҷтимоию иқтисодӣ қарор медиҳанд, асосҳои соҳибкориро меомӯзанд. , маркетинг ва инчунин таблиғи молҳо ва хидматҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM Internet) мебошад

Дар ин самт мутобиқ ба нақшаи корӣ ва ҳадафҳои лоиҳа санаи 1-2 апрели соли 2021 бо иштироки 20 нафар  намояндагони кумитаҳои маҳаллаи аъзои Платформаи шаҳрвандии Маҳаллаи Обод, аз ҷумлаи занони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки худро дар вазъи душвори иҷтимоию иқтисодӣ қарор медиҳанд тренинги омӯзишӣ дар мавзӯъи “Асосҳои соҳибкорӣ. , маркетинг ва инчунин таблиғи молҳо ва хидматҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM Internet) гузаронида шуд.

Ҳамчунин дар рафти тренинг заноне, ки дар заминаи кумитаи маҳаллаи “Баракат” ва “Гулханӣ” таҳти лоиҳа аз курсҳои омӯзишӣ гузашта буданд аз рафти талабот, мушкилиҳо барои пешрафти соҳибкории хурду миёна дар назди роҳбарони кумитаҳои маҳал масала гузорӣ намуданд.

Роҳбарони кумитаҳои маҳал, ки аъзои Платформаи шаҳрвандии Маҳаллаи Обод мебошанд аз имкониятҳои вуҷуддоштаи маҳаллӣ барои рушди соҳибкорӣ бо ҷалби табақаҳои осебпазирӣ ҷомеа ва ташкили ҷойҳои корӣ сухан гуфтанд. Ҳоло бо шарофати лоиҳаҳои амалӣ гашта, тренингҳои омӯзишӣ, ҳамкории зич бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли 2021 дар заниманаи кумитаҳои маҳаллаҳои аъзоёни Платформаи шаҳрвандии Маҳаллаи Обод барои гурғҳҳои осебпазири ҷомеа курсҳои омӯзиши касбӣ (ҳунарҳои миллӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ) ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Дар охир роҳбарони кумитаҳои маҳалла ба Институти Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон миннатдории хешро барои ташкили тренингҳои омӯзишӣ иброз намуданд.

ПОДПИСКА НА РАССЫЛКУ

Подпишитесь на наши новости и объявления